Тибқи гузориши хабаргузории Абно, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ҲАМОС бо нашри баёнияи матбуотӣ ҳамзамон бо маҳкум кардани изҳороти «Тонӣ Блэр», узви «Шӯрои сулҳ» дар Ғазза таъкид кард, ки Блэр бо нодида гирифтани ҷиноятҳои идомадоштаи режими сионистӣ дар навори Ғазза ва вайронкунии такрории созишномаи оташбас кӯшиш кардааст, ки воқеиятҳои марбут ба раванди музокираро баръакс нишон диҳад
Дар ин баёния омадааст, ки ҲАМОС изҳороти ахири Тонӣ Блэрро бо нафрат пайгирӣ кардааст; изҳороте, ки дар он вайронкуниҳои ҷиноии созишномаи оташбас аз ҷониби кобинети сионистӣ, кушторҳои идомадошта ва муҳосираи таҳмилшуда бар навори Ғазза ба таври комил нодида гирифта шуда, кӯшиш шудааст воқеиятҳои марбут ба раванди музокира таҳриф шаванд
Ин ҷунбиш таъкид кард, ки Тонӣ Блэр розингии ҲАМОС бо нақшаи роҳи пешниҳодкардаи «Шӯрои сулҳ» барои анҷоми иҷрои лоиҳаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, дар навори Ғаззаро нодида мегирад; ҳамон тавре ки аз мухолифати Бенёмин Нетанёҳуи ҷинояткор бо иҷрои ин лоиҳа ва шадид кардани кушторҳо ва вайронкунии ошкори созишномаи оташбас аз ҷониби ӯ чашмпӯшӣ мекунад
ҲАМОС афзуд, ки ин равиш ҷонибдории ошкор ва бешармонаи Тонӣ Блэр алайҳи мардуми Фаластинро нишон медиҳад
Your Comment